заминканӣ — [زمين کني] амали коргари заминкан; кандани замин … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дамгаҳ — [دمگه] 1. назд, наздик, пеш; канор ва паҳлӯи чизе: дар дамгаҳи дар (дарвоза), дар дамгаҳи заминкан; дамгаҳи кӯча ҷои саршавии кӯча, сари кӯча 2. чуқурчае, ки дар сари дилу поёни қабурғаҳо воқеъ аст … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
заминков — [زمين کاو] ниг. заминкан 2: коргарони заминкови роҳи оҳан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
теша — [تيشه] афзори оҳании болғашакли дамаш тез (барои чӯбтарошӣ ё заминканӣ); теша задан бо теша кор кардан (чӯб тарошидан ва ғ.); ба пои (решаи) касе теша задан маҷ. ба нобудии касе кӯшидан; теша ба сӯи худ задан маҷ. тамаъкор будан; ҳар корро ба… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ӯра — [اوره] 1. чоҳи одатан начандон чуқури хуммонанд, ки барои нигоҳ доштани ғалла, сабзӣ, картошка ва ғ. дар ягон гӯшаи саҳни ҳавлӣ канда мешавад 2. хандақ, канда; заминкан (барои мудофиаи ҳарбӣ), ӯра кандан (ба ҳар ду маъно) 3. кҳн. дара, сой … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
экскаватор — [ايکسکوتار] лот. мошини заминкан, ки дар кандану ба ҷои дигар партофтани хок, лой, сангреза дар роҳсозӣ, кӯҳканӣ, иншоотҳои обӣ ва ғ. истифода мешавад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ